Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
Андоз аз арзиши иловашуда аз рӯи моҳияти худ андоз ба истеъмолгар аст, чунки ба нархи заканаи мол шомил мешавад ва супорандан ниҳоияш истеъмолгар мебошад.
Дар айни ҳол нархи заканаи молро ба миқдори андоз аз фурӯш боло бурдан мумкин аст. Андоз аз фурӯш бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда ва мавриди амал қарор дода шуда, супоридани он барон шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки фурӯши молҳо (корҳо, хизматрасониҳо)-ро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ҳатмӣ мебошад.
Фоида аз фаъолияти молиявӣ-хоҷагидорӣ (фоидаи умумӣ ё маҷмӯи фоида) бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
ФФМХ = ФФ ± СДХ,(3)
Дар ин ҷо: ФФМХ — фоида аз фаъолияти молиявӣ-хоҷагидорӣ, сомонӣ;
ФФ - фоида аз фурӯш, сомонӣ;
СДХ - салдон даромаду хароҷоти берун аз фурӯш, сомонӣ.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррарот оид ба баҳисобгирии муҳосибии «Даромадҳои ташкилот» ва «Хароҷоти Ташкилот»-ро ба тасвиб расонидааст.
Муқаррароти мазкур қоидаҳои дар муҳосибот ташаккул ёфтани маълумот дар бораи даромадҳо (хароҷот)-и ташкилоти тиҷоратӣ (ба ғайр аз ташкилоти молиявӣ ва суғурта)-ро, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқӣ мебошанд, муқаррар менамоянд.
Муқаррарот оид ба баҳисобгирии муҳосибин «Даромадҳои ташкилот» аз якчанд фасл иборат аст: муқаррароти умумӣ, даромад аз навъҳои муқаррарии фаъолият, даромадҳои дигар, эътирофи даромадҳо, эъломи маълумот дар ҳисоботи муҳосибӣ. Чунончи, мувофиқ Муқаррарот, «Даромади ташкилот афзоиши фоидаҳои иқтисодӣ дар натиҷаи воридшавии дороиҳо (воситаҳои пулӣ, амволи дигар) ва (ё) пардохтани уҳдадориҳо эътироф мешавад, ки дар натиҷаи он сармояи ин ташкилот афзоиш меёбад, ба истиснои саҳми ширкаткунандагон (соҳибмулкони амвол)».
Даромадҳои ташкилот вобаста ба хусусият, шароити ба даст омадан ва самтҳои фаъолияти ташкилот ба навъҳои зерин тақсим мешаванд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё