Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётМолия
Аз аввал хондан

а) даромад аз навъҳои муқаррарии фаъолият; б) даромади амалиётӣ; в) даромади берун аз фурӯш.
Даромадҳои ғайри навъҳои муқаррарии фаъолият даромадҳои дигар шуморида мешаванд. Ба даромадҳои дигар ҳамчунин даромадҳои фавқулодда дохил мешаванд.
Ба таркиби даромадҳои берун аз фурӯш ва дигар даромадҳои амалиётӣ инҳо дохил мешаванд:

  1. даромад аз иҷора додани амвол; 2) ҷаримаҳо, ҷубронпулиҳои ба қарздор таъйингардида ва эътирофшуда, ва намудҳои дигари муҷозот барои вайронкунии шартҳои аҳдномаҳои хоҷагӣ, инчунин даромад аз ҷуброни зарари расонидашуда; 3) фондан солҳои гузашта, ки дар соли ҳисоботи ошкор шудааст; 4) даромадҳои дигар аз амалиёте, ки бевосита бо фурӯши молҳо алоқманд нестанд; 5) фарқи мусбати қурби суратҳисобҳои асъорӣ ва ғайраҳо.

Муқаррарот оид ба Баҳисобгирии муҳосибии «Хароҷоти Ташкилот» аз чунин фаслҳо иборат аст: муқаррароти умумӣ, хароҷоти навъҳои муқаррарии фаъолият, хароҷоти дигар, эътирофи хароҷот, эълони маълумот дар ҳисоботи муҳосибӣ.
Чунончӣ мутобиқи ин Муқаррарот, «Хароҷоти ташкилот эътироф мешаванд: камшавии судҳои иқтисодӣ дар натиҷаи содироти активҳо (воситаҳои пулӣ, амволи дигар) ва (ё) пайдошавии уҳдадориҳое, ки боиси камшавии сармояи ин ташкилот мегардад, ба истиснои камшавии саҳмҳо тибқи қарори ширкаткунандагон (соҳибмулкони ташкилот)».

Хароҷоти ташкилот вобаста ба хосият, шароити амалишавӣ ва самтҳои фаъолият ба инҳо тақсим мешаванд:
а) хароҷоти оид ба навъҳои муқаррарии фаъолият; б) хароҷоти амалиётӣ; в) хароҷоти берун аз фурӯш.

Хароҷоте, ки аз хароҷоти оид ба навъҳои муқаррарии фаъолият фарқ мекунанд, хароҷоти дигар ҳисобида мешаванд. Ба хароҷоти дигар хароҷоти фавқулодда ҳам дохил мешаванд.
Ба таркиби хароҷоти ғайрифурӯш ва хароҷоти дигар дохил мешаванд: хароҷоти муомилоти тиҷоратию хоҷагидории бекоршуда; зарари амалиёт бо зарфҳо; хароҷоти судӣ ва арбитражӣ (ҳакамӣ); ҷаримаҳо, ҷубронпулиҳои ба қарздор таъйингардида ва эътирофшуда, ва намудҳои дигари муҷозот барои вайронкунии шартҳои аҳдномаҳои

пешина
аз 151
навбатӣ