Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

ИқтисодиётМолияИдоракунӣ
Аз аввал хондан

хоҷагӣ, инчунин даромад аз ҷуброни зарари расонидашуда; зарари бекоркунии қарзҳои дебиторие, ки муҳлати даъво оид ба онҳо гузаштааст ё қарзҳои дигар, ки баргардонданашон ғайриимкон аст, ва ғайраҳо.

Яке аз хароҷоти калонтарини ғайрифурӯшии корхонаҳои тиҷоратӣ хароҷоти супоридани андозу пардохтҳоест, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз ҳисоби натиҷаҳои молиявӣ, инчунин аз ҳисоби амалиёти марбут ба гирифтани чунин даромадҳо супурда мешаванд.

Фоидаи андозбандишавандагӣ нишондиҳандаи ҳисобкунӣ мебошад. Он тариқи тасҳеҳи фоидаи умумии корхона, ҳам ба тарафи нафзоиш ва ҳам ба тарафи камшавии он мутобиқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда муайян карда мешавад.

Фонде, ки дар ихтиёри корхона мемонад (фонди соф), бо формураи зерин ҳисоб карда мешавад:

ФС = ФУ – АФ,(4)

Дар ин ҷо: ФС – фоидаи софи корхона, сомонӣ;
ФУ – фоидаи умумӣ, сомонӣ;
АФ – андоз аз фоида, сомонӣ.

Самтҳои асосии истифодабарии фонди дар ихтиёри корхона монда бо ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ё қарори муассисон муайян карда мешаванд ва дар ин санадҳо бояд нишон дода шавад, ки кадом фондҳо ва ба кадом ҳаҷму андоза дар корхона аз ҳисоби фоидаи соф таъсис меёбанд ва ба кадом самтҳо равона карда мешаванд.

Нақшаи қоидавии тақсимоти фоидаи дар ихтиёри корхона монда, дар расми 4 тасвир ёфтааст.

пешина
аз 151
навбатӣ