Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Қаблан аз таҳлили бевоситаи фоида аз фурӯш бояд санҷиши мувофиқати нақшаи фоида бо нақшаи арзиши аслӣ гузаронида шавад (агар онҳо мувофиқат надошта бошанд, таҳлили фоида натиҷаҳои ихтилофомез хоҳад дод).

Мувофиқати нақшаи фоида бо нақшаи арзиши аслӣ бо роҳи муқоисаи хароҷот ба ҳар 1 сомонӣ маҳсулоти молӣ (аз рӯи истеҳсол ва бақия дар аввали сол) бо хароҷот ба 1 сомонӣ маҳсулоти молӣ санҷида мешавад.

Дар сурати дуруст таҳия шудани нақша ин гуна хароҷот бояд наздик бошанд, лекин фарқиятҳо аз сабаби бақияи маҳсулоти нафурӯхта дар охири сол иҷозат дода мешаванд.

Пас аз санҷиши мувофиқати нишондиҳандаҳои нақша ба таҳлили омилҳои фоида аз фурӯши маҳсулот, кор, хизматрасониҳо мегузаранд.

Ба тағйироти маблағи воқеии фоида дар қиёс бо нақша (ё соли гузашта) омилҳои зерин таъсир мерасонанд:

  • тағйирёбии арзиши аслӣ пурра;
  • тағйирёбии ҳаҷми маҳсулоти фурӯхташуда;
  • тағйирёбии сохтору навъҳои маҳсулоти фурӯхташуда.

Таъсири омилҳои мазкурро бо ёрии усули гузоришҳои занҷирӣ муайян мекунанд. Усули мазкур, вақте истифода бурда мешавад, ки таъсири омилҳои гуногунро ба тағйирёбии нишондиҳандаҳои ҷамъбасткунанда миқдоран чен кардан лозим мебошад.

Баҳри таъмини усули низомноки омӯзиши омилҳои тағйирёбии фоида ва пешгӯии ҳаҷми он таҳлили маржиналиро истифода мебаранд, ки ба даромади маржиналӣ асос меёбад.

Даромади маржиналӣ (ДМ)- ин фоида бо ҷамъи хароҷоти доимии корхона (ҲД) мебошад.

ДМ = Ф + ҲД, аз ин ҷо Ф = ДМ - ҲД, (7)

Бо ёрии ин формула ҷамъи маблағи фоидаро ҳисоб кардан мумкин аст, агар андозаи даромади маржиналӣ ва хароҷоти доимӣ маълум бошад. Баъзан зимни муайяннамонии ҷамъи маблағи фоида ба ҷои даромади маржиналӣ маблағи фурӯш ва ҳиссаи хоси даромади маржиналӣ дар ин даромад (Дх) истифода бурда мешавад.

Азбаски ДМ = МФ х Ду, пас Ф = МФ х Ду - ҲД, (8)

пешина
аз 151
навбатӣ