Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бадастомадаро инъикос мекунад. Истифодаи оқилонаи майдони савдо барои афзудани ҳаҷми фоида имконият медиҳад.

Агар фоида бо маблағи мутлақ ифода ёбад, даромаднокӣ нишондиҳандаи нисбии шиддатнокии истеҳсолот хоҳад буд, чунки сатҳи фондавории заминаи нисбатан муайянро инъикос мекунад.
Ташкилот даромаднок аст, агар ҷамъи маблағи фурӯши маҳсулот на танҳо барои пӯшондани хароҷот, балки барои ташаккулёбии фоида ҳам басанда бошад.

Ба ғайр аз даромаднокии истеҳсолот дар ҷараёни таҳлили фаъолияти соҳибкории корхонаҳо нишондиҳандаи даромаднокии маҳсулот васеъ истифода бурда мешавад. ва он чун нисбати фоида аз фурӯши маҳсулот ба арзиши аслии пурраги он ҳисобида мешавад. Истифодаи ин нишондиҳандаи даромаднокӣ зимни ҳисобкуниҳои таҳлилии дохилихоҷагӣ, ҳангоми назорати фонданокӣ (зарарнокӣ)-и намудҳои алоҳидаи маҳсулот, ҷорисозии намудҳои нави мол ва аз истеҳсолот бардоштани маснӯоти бесамар аз ҳама муносибтар аст.

Бо таваҷҷуҳ ба он, ки фоида бо арзиши аслии маҳсулот ва ҳам бо нархи фурӯшаш алоқаманд аст, даромаднокии маҳсулотро ҳамчун нисбати фоида ба арзиши маҳсулоти фурӯхташуда бо нархҳои озод ё танзимшаванда ҳисоб намудан мумкин мебошад.

Ин нишондиҳандаҳои даромаднокии маҳсулот ба ҳамдигар алоқаманд буда, тағйирёбии хароҷоти ҷорӣ барои истеҳсол ва фурӯши тамоми маҳсулот ва ҳам намудҳои алоҳидаи онро нишон медиҳанд. Дар ин робита зимни банақшагирии навъҳои маҳсулоти истеҳсолшаванда таъсири даромаднокии маҳсулоти алоҳида ба даромаднокии ҳама маҳсулот ба инобат гирифта мешавад. Бинобар ин ташкили сохтори маҳсулоти истеҳсолшаванда дар вобастагӣ ба ҳиссаи саҳми молҳои дорои даромаднокии бештарину камтарин ва баландбардории самараи истеҳсолу ба даст овардани имконияти иловагии афзоиши фоида хеле муҳим аст.

Болоравии ҳар нишондиҳандаи даромаднокӣ ба падидаву равандҳои ягонаи иқтисодӣ вобаста аст. Ин пеш аз ҳама, такмили низоми идораи истеҳсол дар шароити иқтисоди бозорӣ дар асоси паси сар намудани буҳрони низоми молиявӣ-қарзӣ ва пулӣ; рушди самаранокии истифодаи захираҳои корхона дар асоси суботи баназаргирӣ ва низоми муносибатҳои ҳисобию пардохт; индексатсияи воситаҳои гардон ва аниқ муайян намудани манбаъҳои ташаккули он мебошанд.

пешина
аз 151
навбатӣ