Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
- ҳосилнокии меҳнат дар базаи таҳлил бетағйир мебошад;
- хароҷоти ҳиссавии тағйирёбанда ва нархҳо дар тӯли тамоми давраи банақшагирӣ бетағйир боқӣ мемонанд;
- сохтори маҳсулот дар тӯли давраи банақшагирӣ бетағйир аст;
- тағйирёбии хароҷоти доимиву тағйирёбандаро дақиқ чен кардан мумкин аст;
- дар поёни давраи таҳлилшаванда дар ихтиёри корхона захираи маҳсулоти тайёр намемонад (ё ин захира ночиз аст), яъне ҳаҷми фурӯш ба ҳаҷми истеҳсол мувофиқат мекунад.
Риоя нашудани ҳатто яке аз ин шартҳо ба натиҷаи хато боис шуда метавонад.
Корхона бояд ҳатман ҳадди даромаднокиро гузарад ва дар назар дошта бошад, ки пас аз давраи афзоиши фондан ногузир даврае фаро мерасад, ки барои идомаи истеҳсол (афзоиши истеҳсоли маҳсулот) шадидан афзудани хароҷоти доимӣ лозим меояд, ва оқибати ногузири ин қоҳишёбии фондан дар давраи кӯтоҳмуддат бадастомада хоҳад буд. Зимни қабули қарори мушаххас оид ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, соҳибкор бояд ин хулосаҳоро ба инобат гирад.
Ҳисоби ҳадди даромаднокиро дар мисоли зерин дида мебароем:
Ҷадвали 7.3.
Маълумоти ибтидоӣ барои муайянкунии ҳадди даромаднокӣ
| Нишондиҳандаҳо | Варианти ибтидоӣ | Варианти 10 % афзудани маблағи фурӯш |
|---|---|---|
| Маблағи фурӯш | 10 000 | 11 000 |
| Хароҷоти тағйирёбанда | 8 600 | 9 460 |
| 1.Маҷмӯи даромад (маржа) | 1400 | 1540 |
| 2.Зариби маҷмӯи даромад | 1400/10000 = 0,14 | 1540/11000 = 0,14 |
| 3.Хароҷоти доимӣ | 1200 | 1200 |
| 4.Ҳадди даромаднокӣ | 1200/0,14 = 8571,4 | 1200/0,14 = 8571,4 |
| 5.1.Захираи устувории молиявӣ | 10000,0 | 11000,0 |
| 5.2. Захираи устувории молиявӣ, % | 8571,4/1428,6 | 8571,4/2428,6 |

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё