Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
Тест
-
Навъи фаъолияти касбие, ки барои расидан ба мақсадҳои корхона тавассути истифодаи самараноки фонду захираҳои молиявии корхона равона гардидааст:
А) менеҷменти стратегӣ; В) менеҷменти сармоягузорӣ; С) менеҷменти молиявӣ; D) менеҷменти бонкӣ; Е) менеҷменти суғурта. -
Дар кадом сол амрикоиҳо Т. Коупленд ва Ч. Уэстон истилоҳи «менеҷменти молиявӣ»-ро ба илм дохил карданд?
А) 1845; В) 1907; С) 1962; D) 1988; Е) 1991. -
Чанд марҳилаи ташаккул ва инкишофи менеҷменти молиявиро ҷудо мекунанд?
А) 2; В) 4; С) 6; D) 8; Е) 10. -
Асосгузорони назарияи сохтори сармоя:
А) Ф. Блэк ва М. Шоулз; В) Р. Литсенбергер ва К. Рамасвал; С) Г. Марковитс ва М. Гордон; D) Ф. Модиляни ва М. Миллер; Е) С. Росс ва Ч. Линтнер. -
Асосгузорони концепсияи таҳлили сели пули дисконтшуда:
А) М. Гордон ва Ч. Вилямсон; В) Ф. Модиляни ва М. Миллер; С) С. Росс ва Ч. Линтнер; D) Р. Литсенбергер ва К. Рамасвал; Е) Ф. Блэк ва М. Шоулз. -
Асосгузори назарияи ҷузвдон:
А) М. Миллер; В) Ф. Модиляни; С) М. Гордон; D) Г. Марковитс; Е) С. Росс. -
Таҳиягари назарияи нархгузории ҳакамӣ:
А) Г. Марковитс; В) С. Росс; С) Ф. Модиляни; D) М. Миллер; Е) М. Гордон. -
Муаллифони модели нархгузории опсионҳо:
А) Ф. Блэк ва М. Шоулз; В) Р. Литсенбергер ва К. Рамасвал; С) Г. Марковитс ва М. Гордон; D) Ф. Модиляни ва М. Миллер; Е) С. Росс ва Ч. Линтнер. -
Муаллифони назарияи тафриқабандии андоз:
А) С. Росс ва Д. Линтнер; В) Г. Марковитс ва М. Гордон; С) Р. Литсенбергер ва К. Рамасвал; D) Ф. Модиляни ва М. Миллер; Е) Ф. Блэк ва М. Шоулз. -
Қарордоди байни фурӯшандаву харидор, ки ба ивази музд ҳуқуқи (на уҳдадории) фурӯхтан ё харидани воситаи молиявиро бо нархи қайдшуда дар муҳлати қаблан дурустшуда медиҳад:
А) фючерс; В) варрант; С) вексел; D) своп; Е) опсион.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё