Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
Мавзӯи 2. МЕНЕҶМЕНТИ МОЛИЯВӢ ДАР НИЗОМИ
ИДОРАКУНИИ ТАШКИЛОТ
2.1. Моҳият, мақсад ва вазифаҳои менеҷменти молиявӣ
2.2. Нақши менеҷменти молиявӣ дар идоракунӣ
2.3. Низоми таъмини иттилоотии менеҷменти молиявӣ
2.1. Моҳият, мақсад ва вазифаҳои менеҷменти молиявӣ
Менеҷменти молиявӣ раванди идоракунии такрористеҳсол дар сатҳи корхона бо ёрии ташаккул ва истифодаи захираҳои молиявӣ, сармоя ва селаҳои пулии мебошад, ки барои амалигардонии фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити бозор бо мақсади иҷрои вазифаҳои корхона зарур мебошад.
Менеҷменти молиявӣ ба идоракунии ҳаракати захираҳои молиявӣ ва муносибатҳои молиявӣ равона шудааст, ки дар байни субъектҳои хоҷагидор дар ҷараёни ҳаракати захираҳои молиявӣ ба миён меоянд. Менеҷменти молиявӣ раванди коркарди ҳадафи идоракунии молия ва таъсиррасонӣ ба он бо ёрии усулу фишангҳои механизми молиявӣ мебошад.
Менеҷменти молиявӣ системаи принсипу усулҳои таҳия ва татбиқи қарорҳои идориест, ки бо ташаккул, тақсимот ва истифодабарии захираҳои молиявии корхона ва ташкили гардиши воситаҳои пулии он алоқаманд мебошанд.
Менеҷменти молиявӣ ҳамчун низоми идоракунӣ аз ду зернизом иборат аст:
- зернизоми идорашаванда (объекти идоракунӣ);
- зернизоми идоракунанда (субъекти идоракунӣ).
Объекти идоракунӣ дар менеҷменти молиявӣ — маҷмӯи шартҳои амалисозии селаи пулӣ, гардиши сармоя ва арзиш, ҳаракати захираҳои молиявӣ ва муносибатҳои молиявии байни субъектҳои хоҷагидор ва шуъбаҳои онҳо дар раванди хоҷагидорӣ мебошад. Аз ин лиҳоз объекти идоракунӣ унсурҳои зеринро дар бар мегирад:
- Муомилоти пулӣ; 2) Захираҳои молиявӣ; 3) Гардиши сармоя; 4) Муносибатҳои молиявӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё