Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
ҳозиран рушдро бо тамоюли имконпазир, бо роҳи эҳтимолии рушди он муттаҳид мекунанд.
Хати b тамоюлеро нишон медиҳад, ки дар сурати таъсипрасонии сармоягузорӣ ба ин ё он соҳаи фаъолияти ташкилот рӯй хоҳад дод.
Дар ин ҳолат чор самти асосии фаъолияти сармоягузорӣ вуҷуд дорад, ки барои ҳосил шудани ин тамоюл имкон медиҳанд.
Чор самти стратегии фаъолияти сармоягузорӣ якбора вобаста ба якчанд нишондиҳанда фарқ мекунанд:
• муддати интизории самараи базавии сармоягузорӣ;
• ҳаҷми маблағгузориҳои ибтидоӣ ва пешбинишудаи баъдӣ;
• дараҷаи таваккал (хатар) ва эҳтимолияти ноилшавӣ ба мақсади стратегии сармоягузорӣ (SGI – Strategic Goal of Investment 1);
• самараи муносиби мавриди интизори сармоягузорӣ.
Нишондиҳандаи Gap фарқиятеро нишон медиҳад, ки онро бо чор усули асосии ҷуброн кардан мумкин аст.
Стратегияи сармоягузории беҳсозӣ (дар график бо ҳарфи c ишора шудааст). Дар сурати истифодаи ин усули амалисозии стратегия ширкат барои беҳсозии моли (хизматрасонии) мавҷуда маблағи иловагиро сармоягузорӣ мекунад.
Стратегияи сармоягузории инноватсионӣ (дар график бо ҳарфи d ишора шудааст): ширкат барои харидории технологияҳои нав, таҳияи мол ё хизматрасониҳои нав сармоягузорӣ мекунад.
Стратегияи сармоягузории бозорёбӣ (дар график бо ҳарфи e ишора шудааст): ширкат бо мақсади фаро гирифтани бозорҳои нав сармоягузорӣ мекунад.
Стратегияи сармоягузории диверсификатсия (дар график бо ҳарфи f ишора шудааст): усули қиматтарину пурихатари амалисозии стратегия буда, аз гузориши маблағҳои бузург ба густариши объектҳои фаъолият, номгӯи маҳсулот ва ҳоказо иборат аст.
Хуллас, фаъолияти стратегии сармоягузорӣ бо як қатор функсияҳои идораи ташкилот, аз қабили маркетинг, инноватсия, истеҳсолот ва ғайраҳо робитаи зич дорад. Бинобар ҳамин менеҷери молиявӣ, ки масъули таҳия ва татбиқи стратегияи сармоягузорӣ аст, бояд аз салоҳияти касбӣ бархурдор бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё