Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
8.4. Таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ Лоиҳаи сармоягузорӣ ин маҷмӯи қарорҳои техникӣ-иқтисодӣ ва чорабиниҳои ташкилӣ-молиявӣ оид ба амалисозии воситаҳо ва татбиқи онҳо дар объекти сармоягузорӣ дар шакли иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, озмоишӣ-созандагӣ, сохтмонӣ-насбӣ, роҳандозӣю баҳрабардорӣ, қабулу ирсолкунӣ, ташкилию ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ мебошад, ки бо мақсади ба даст овардани самаранокии дилхоҳи иҷтимоӣ-иқтисодӣ анҷом дода мешаванд.
Лоиҳаҳои сармоягузорӣ метавонанд дорои хусусияти ҷаҳонӣ, байнидавлатӣ, давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ дошта бошанд.
Лоиҳаи мушаххаси сармоягузорӣ чор аломати хос дорад:
• мақсаднокӣ;
• ҳамоҳангии иҷрои амалҳои ба ҳам алоқаманд;
• давомнокии маҳдуд;
• беназирӣ (беҳамтой).
Давраи ҳаётии лоиҳаи сармоягузорӣ чунин марҳилаҳоро дар бар мегирад:
- тарҳрезии лоиҳа;
- таҳлили лоиҳа;
- таҳияи лоиҳа;
- амалисозии лоиҳа;
- арзёбии натиҷаҳои бадастомада.
Ҳама гуна лоиҳаи сармоягузорӣ аз тарҳрезии лоиҳа сар мешавад. Дар оғози давраи ҳаётии лоиҳа инҳо баррасӣ карда мешаванд:
• мақсади сармоягузорӣ;
• усули амалишаванда (инноватсионӣ, патентӣ ва ғ.);
• мувофиқати қарори пешниҳодшавандаи техникӣ-технологӣ ба талаботи сертификатсионӣ;
• мувофиқати пешакии мақсади сармоягузорӣ бо манфиатҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, маҳаллӣ ва афзалиятҳои соҳавӣ;
• интихоби ретсипиенти (сармоягузор) амалисозии лоиҳа;
• омодасозии ёддошти иттилоотии ретсипиент.
Таҳияи лоиҳа — иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созандагию технологӣ, омодасозии ҳуҷҷатҳои лозима ва фурӯшҳои тендерӣ, гузаронидани гуфтушунид бо сармоягузорони эҳтимолӣ, муайян намудани тавлидгарону таҳвилгарони маҳсулот.
Лоиҳаҳои муосири сармоягузорӣ мураккабу сермасрафтар буда, бо мақсади сохтан ва аз худ кардани технологияҳои мукаммал,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё