Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

• мақомоти ҳокимият ва идоракунӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ (меъёри истеҳлок, андозҳо, пардохтҳо ба фондҳои ғайрибуҷетӣ);
• идораҳо (меъёри ҳадди аксари даромаднокӣ, ҳадди аксари пардохт ба фондҳои захира ва ғ.);
• корхонаҳо (меъёри талабот ба воситаҳои гардон, қарзи кредиторӣ, захира ва ашёи хом, пардохт ба фонди таъмир ва ғ.).

Усули беҳсозии қарорҳои нақшавӣ аз таҳяи як қатор варианти нишондиҳандаҳои нақшавӣ ва интихоби беҳтарини онҳо иборат аст. Ба сифати мизони интихоби варианти нишондиҳандаҳо барои баъдан ба нақшаи молиявӣ шомил кардани онҳо чунин нишондиҳандаҳоро истифода бурдан мумкин аст:

  • ҳадди ақали хароҷоти овардашуда;
  • ҳадди аксари фоидаи овардашуда;
  • ҳадди ақали гузориши сармоя дар ҳолати самари беҳтарин;
  • ҳадди ақали хароҷоти ҷорӣ;
  • вақти камтарин барои гардиши сармоя, яъне суръатбахшии гардиши воситаҳо;
  • ҳадди аксари даромад ба ҳар 1 сомонӣ сармоягузорикардашуда;
  • ҳадди аксари даромаднокии сармоя (ё маблағи фонду ба ҳар 1 сомонии сармоягузорикардашуда);
  • ҳадди аксари нигоҳдошти захираҳои молиявӣ, яъне ҳадди ақали ҳисороти молиявӣ (хатари молиявӣ ё асъорӣ).

Хароҷоти дар боло овардашуда, ин маҷмуи хароҷоти ҷорӣ ва сармоягузориҳое мебошад, ки мувофиқи нишондиҳандаҳои меъёрии самараноку ба андозаи якхела оварда шудаанд, ки он бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

Хҷ + Хя К = min,

Дар ин ҷо:
Хҷ – хароҷоти ҷорӣ, сомонӣ;
Хя – хароҷоти яквақта, сомонӣ;
К – зарби меъёри самаранокии сармоягузорӣ.

Фонди овардашуда бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

Ф – Хя К = max,

дар ин ҷо:

пешина
аз 151
навбатӣ