Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ф - фонла, сомонӣ.

  1. Моделсозии иқтисодӣ-математикӣ.
    Моҳиятан моделсозии иқтисодӣ-математикӣ зимни нақшагирии нишондиҳандаҳои молиявӣ имкон медиҳад, ки ифодаи миқдории робитаи байни нишондиҳандаву омилҳои муайянкунандаи он ёфта шавад. Ин робита тавассути модели иқтисодӣ-математикӣ ифода карда мешавад. Модели иқтисодӣ-математикӣ тасвири дақиқи математикии раванди иқтисодӣ, яъне тасвири омилҳое мебошад, ки сохтору қонуниятҳои тағйирёбии падидаи иқтисодиро бо ёрии аломату усулҳои математикӣ (муодила, нобаробарӣ, ҷадвал, графикҳо ва г.) нишон медиҳад. Ба модел танҳо омилҳои асосӣ (муайянкунанда) дохил мешаванд. Модел мумкин аст аз рӯи робитаи функционалӣ ё коррелятсионӣ сохта шавад. Муодилаи ифодаи робитаи функционалӣ чунин намуд дорад:
    Y = f(x),

Дар ин ҷо:
Y - нишондиҳанда;
x - омилҳо.

Робитаи коррелятсионӣ-вобастагии эҳтимолнест, ки танҳо ба таври умумӣ ва миқдори зиёди мушоҳидаҳо зоҳир мешавад.

Ҳангоми ҳисоббаробаркунии моделҳои банакшагирӣ муайян намудани давраи таҳқиқ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Он бояд чунон даврае бошад, ки маълумоти ибтидоияш якхела бошанд. Зимнан дар назар бояд дошт, ки давраи аз ҳад кӯтоҳи таҳқиқот барои ошкор намудани қонуниятҳои умумӣ имкон намедиҳад. Аз тарафи дигар, давраи ниҳоят дурударозро ҳам набояд гирифт, чунки ҳама гуна қонуниятҳои иқтисодӣ доимӣ нестанд ва дар давоми муддати дароз метавонанд тағйир ёбанд. Бинобар ин ҳангоми кори нақшавӣ, барои банакшагирии дурнамо маълумоти солонаи фаъолияти молиявӣ дар давоми 5 сол, барои банакшагирии ҷорӣ маълумоти 1 – 2 солро истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст. Дар сурати тағйироти ҷиддии шароити кори субъекти хоҷагидор дар давраи банакшагирӣ ба нишондиҳандаҳо зарурияти ворид кардани тасҳеҳот мешавад.

Моделсозии иқтисодӣ-математикӣ инчунин барои гузаштан аз бузургиҳои миёна ба вариантҳои беҳтар имкон медиҳад. Барои баланд кардани нишондиҳандаи илман асоснокшудаи нақшавӣ якчанд варианти онро бо такя ба шароиту роҳҳои гуногуни рушди субъекти

пешина
аз 151
навбатӣ