Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҷадвали 3.1.
Низоми банақшагирии молиявӣ

Пешгӯии фаъолияти молиявӣ

  • стратегияи молиявӣ;
  • сиёсати молиявӣ дар самтҳои асосии фаъолияти молиявии корхона
    то 3 сол

Банақшагирии ҷории фаъолияти молиявӣ
Нақшаи молиявии солона:

  • нақшаи даромаду хароҷот;
  • нақшаи ҳаракати воситаҳои пулӣ;
  • тавозуни пешгӯӣ.
    1 сол

Банақшагирии амалиётии фаъолияти молиявӣ

  • буҷетҳо;
  • тақвимҳои пардохт (хароҷот);
  • шаклҳои дигари вазифаҳои молиявӣ дар ҳама масъалаҳои асосии фаъолияти молиявӣ.
    моҳ, семоҳа
  1. Пешгӯии фаъолияти молиявӣ Стратегияи молиявии корхона низоми ҳадафҳои дарозмуддати фаъолияти корхона мебошад, ки аз вазифаи молиявии корхона, инчунин роҳҳои бештар самараноки расидан ба он мақсадҳо бармеоянд.

Стратегияи молиявӣ — нақшаи куллии амалҳои корхона мебошад, ки ташаккули молия ва банақшагирии онро барои таъмини суботи молиявии корхона фаро гирифта аз инҳо иборат аст:
• банақшагирӣ, баҳисобгирӣ, таҳлил ва назорати ҳолати молиявӣ;
• беҳсозии воситаҳои асосӣ ва гардон;
• тақсими фондҳо.

Стратегияи молиявии корхона инҳоро таъмин мекунад:
• мутобиқати амалиёти молиявӣ ба ҳолати иқтисодӣ ва имконоти моддии корхона;
• муайян кардани таҳдиди асосӣ аз ҷониби рақибон, интихоби дурусти самтҳои амалиёти молиявӣ ва иҷрои амалҳо баҳри бадастоварии бартарӣ нисбат ба рақибон;
• ташкил ва омодасозии захираҳои стратегӣ;
• ҷобаҷогузорӣ ва расидагии давра ба давраи мақсадҳо.

пешина
аз 151
навбатӣ