Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
Вазифаҳои стратегии молиявӣ:
• муайян намудани тарзу усулҳои истифодаи бобарори имконоти молиявӣ;
• муайян намудани муносибатҳои мутақобилаи дурнамои корхона бо шахсони сеюм;
• таъмини молиявии фаъолияти амалӣ ва сармоягузорӣ;
• омӯзиши имконоти иқтисодию молиявии рақибони эҳтимолӣ, таҳия ва татбиқи чорабиниҳои оид ба таъмини пойдории молиявӣ.
Корхонаҳо субъекти хоҷагидор буда, захираҳои молиявии худро доранд ва ҳуқуқ доранд сиёсати молиявии худро муайян намоянд.
Сиёсати молиявии корхона маҷмӯи усулҳои идоракунии захираҳои молиявии корхона мебошад, ки ба ташаккул, истифодаи оқилона ва босамари захираҳои молиявӣ равона гардидаанд.
Мақсади таҳияи сиёсати молиявии корхона сохтани низоми босамари идоракунии молиявӣ баҳри расидан ба мақсадҳои стратегӣ ва тактикии корхона мебошад.
Вазифаҳои стратегӣ зимни таҳияи сиёсати молиявӣ дар корхона инҳоянд:
- беҳсозии сохтори сармоя ва таъмини устувории молиявии корхона;
- ба ҳадди аксар расонидани фоида;
- ноил шудан ба шаффофияти фаъолияти молиявию иқтисодии корхона;
- таъмини ҷолибияти сармоягузории корхона;
- истифодабарии механизмҳои бозории ҷалби воситаҳои молиявӣ (қарзҳои тиҷоратӣ, қарзҳои буҷетӣ дар асоси бозгашт, баровардани коғазҳои қиматнок ва ғ.).
Ҳадафҳои тактикии молиявӣ барои ҳар корхона мушаххасу фардӣ мешаванд. Онҳо аз вазифаҳои стратегӣ, сиёсати андозӣ, имконоти истифодабарии фонди корхона барои рушди истеҳсолот ва ғайраҳо бармеоянд.
Нақшаҳои молиявӣ мувофиқативу мувозинатӣ талабот ва сарчашмаҳоро таъмин намуда, барои расидан ба мақсадҳои зерин мусоидат мекунанд:
- таъмини манфиатҳои саҳмдорон ё сармоягузорони дигар;
- робитаи мутақобилан нақшаҳои истеҳсолӣ-хоҷагидорӣ бо захираҳои молиявӣ ва манобеъи онҳо;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё