Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

-коҳиш додани хатари иҷро нашудани уҳдадориҳои корхона дар назди шарикони тиҷоратӣ ва буҷет;
-дарёфт ва татбиқи захираҳои рушди фоиданоки корхона ва самтҳои рушди босамари он;
-назорат аз болои ҳолати молиявии корхона (сатҳи серхаридорӣ, устувории молиявӣ).
2. Банақшагирии ҷории фаъолияти молиявӣ

Низоми банақшагирии молиявии ҷорӣ аз таҳияи навъҳои мушаххаси нақшаҳои ҷории молиявӣ иборат аст, ки имкон медиҳанд тамоми манбаъҳои таъмини рушди корхона барои давраи дарпешистода муайян гардида, сохтори харҷу даромади он ташаккул дода шавад, қобилияти доимии пардохткунии он таъмин гардад, сохтори активҳо ва сармояи он барои поёни давраи банақшагирӣ муайян карда шавад.

Нақшаҳои ҷории фаъолияти молиявӣ барои соли дарпешистода бо тақсимкунӣ ба семоҳаҳо таҳия карда мешаванд.
Намудҳои нақшаҳои ҷории молиявии корхона:

  • Нақшаи даромад ва хароҷот оид ба фаъолияти амалӣ;
  • Нақшаи даромад ва хароҷот оид ба фаъолияти сармоягузорӣ;
  • Нақшаи воридшавӣ ва хароҷоти маблағҳои пулӣ;
  • Нақшаи тавозун (тавозуни пешгӯишаванда).

Нақшаи даромад ва хароҷот оид ба фаъолияти амалӣ Мақсади нақшаи даромад ва хароҷот оид ба фаъолияти амалӣ аз муайянкунии ҷамъи маблағи фоидаи соф аз фаъолияти истеҳсолӣ-тиҷоратӣ (амалӣ)-и корхона иборат мебошад. Дар ҷараёни таҳияи ин нақша бояд робитаи аёни нишондиҳандаҳои банақшагирифтаи даромад (даромади маҷмӯй ва соф) аз фурӯши маҳсулот, хароҷот, пардохтҳои андоз, фоидаи тавозунӣ ва софи корхона таъмин карда шавад.

Нақшаи даромад ва хароҷот оид ба фаъолияти сармоягузорӣ

Мақсади нақшаи даромад ва хароҷот оид ба фаъолияти
сармоягузорӣ аз муайянкунии ҳаҷми талабот нисбати захираҳои
молиявӣ барои татбиқи барномаҳои сармоягузории ба назар
гирифташуда, инчунин воридоти эҳтимолии ин захираҳо дар рафти
иҷрои фаъолияти сармоягузорӣ (даромад аз фурӯши амволи

пешина
аз 151
навбатӣ