Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

ИқтисодиётМолияИдоракунӣ
Аз аввал хондан

махсуси қарзӣ) таҳия гардида, фақат гурӯҳи пардохтҳои ҳамин маркази масъулиятро фаро гирифта метавонад.

Барои қарзи ҷории дебиторӣ пардохтҳо ба тақвим бо маблағу муҳлате ҳамроҳ карда мешаванд, ки дар шартномаҳо (қарордодҳо) бо шарикони тиҷоратӣ пешбинӣ шудаанд.

Барои қарзи дебитории муҳлаташ гузашта ин пардохтҳо ба ҳуҷҷати мазкур дар асоси мувофиқаи пешакии тарафҳо ҳамроҳ карда мешаванд. Тақвими хазинагузории қарзи дебиторӣ фақат як фасл дорад — «ҷадвали воридоти воситаҳои пулӣ». Бо мақсади инъикоси гардиши воқеии пули корхона санаи воридоти воситаҳои пулӣ санаи гузаронидани онҳо ба суратҳисоби корхона ҳисобида мешавад.

Тақвими хизматрасонии қарзҳо. Мутобиқи таҷрибаи амалкунандаи ҷаҳонии таҳияи ҳисобот ва пешгӯии селаҳои пулӣ хизматрасонии қарзҳои молиявӣ дар таркиби фаъолияти амалиётӣ (на молиявӣ)-и корхона инъикос карда мешавад. Ин бо он вобаста аст, ки фоизҳои қарз, пардохтҳои лизингӣ ва хароҷоти дигари корхона оид ба хизматрасонии қарзи молиявӣ ба таркиби арзиши аслии маҳсулот дохил мешаванд ва мувофиқан, ба ҳаҷми фоидаи банақшагирифтаи амалиётӣ таъсир мерасонанд.

Тақвими мазкур барои корхона дар маҷмӯъ сохта мешавад ва танҳо як фасл дорад - «тақвими пардохтҳои марбут ба хизматрасонии қарзи молиявӣ». Маблағу санаи пардохт мувофиқи шартҳои қарордоди қарзӣ (лизингӣ) ба тақвими пардохтҳо дохил карда мешаванд.

Тақвими пардохти музди кор — навъи тақвими хароҷот, ки одатан дар корхонаҳои истифодабарандаи ҷадвали бисёруинагии хароҷоти музди кори кормандони воҳидҳои гуногуни сохторӣ (филиалу сехҳо ва ғ.) таҳия мегардад.

Санаи чунин пардохтҳо дар асоси шартномаи ҳайати меҳнатӣ ё қарордоди инфиродии меҳнатӣ, маблағи пардохт бошад — дар асоси ҷадвали воҳидҳои корӣ ва харҷномаи дахлдори хароҷот муқаррар карда мешавад.

Тақвими пардохти мазкур одатан аз як фасли «ҷадвали пардохти музди кор» иборат аст.

Тақвими (буҷети) ташаккули захираҳои истеҳсолӣ одатан
барои марказҳои дахлдори хароҷот (воҳидҳои сохторие, ки
таъминоти моддӣ-техникии истеҳсолотро амалӣ менамоянд) таҳия
карда мешавад. Ба таркиби пардохтҳои ин тақвим одатан арзиши

пешина
аз 151
навбатӣ