Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

ИқтисодиётМолияИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Дар қисми якум маълумот барои давраи гузашта, дар қисми дуюм бошад, маълумот барои давраи баррасишавандаи ҳисоботи оварда мешавад.

Ҳисобот оид ба ҳаракати воситаҳои пулӣ Ҳисобот оид ба ҳаракати воситаҳои пулӣ ҳисоботи корхона дар бораи ҳаракати воситаҳои пулӣ ва истифодаи онҳо дар ҳамин давраи вақт мебошад. Ин ҳисобот мустақиман ё ғайримустаким воридшавии пул ба ширкат ва пардохтҳои пулии онро ба самтҳои асосии истифода дар давраи ҳисобот тақсимбандӣ карда нишон медиҳад. Ҳисобот ҳолати умумин натиҷаҳои истеҳсолӣ, серхаридории кӯтоҳмуддат, қобилияти пардохткуниши дарозмуддатро тасвир намуда, барои ба осонӣ гузаронидани таҳлили молиявии ширкат имконияти хубе медиҳад.

Усулҳои таҳлили молиявӣ Принсипи асосии мутолиаи ҳисоботи молиявӣ усули дедуктивӣ мебошад, яъне аз кулл ба ҷузъ, лекин онро чандин маротиба истифода бурдан лозим аст. Дар ҷараёни чунин таҳлил пайдарпайии таърихӣ ва мантиқии амалиёти хоҷагӣ, самт ва қувваи таъсири онҳо ба натиҷаҳои фаъолият намоён мешавад.

Дар амалияи таҳлили молиявӣ чунин усулҳои асосии мутолиаи ҳисоботи молиявӣ вуҷуд доранд:

  1. Таҳлили уфуқӣ (замонӣ) — муқоиса намудани ҳар мавқеи (банди) ҳисобот бо давраи пешин.

  2. Таҳлили амудӣ (сохторӣ) — муайян намудани нишондиҳандаҳои молиявии ниҳоӣ ва таъсири ҳар мавқеи ҳисоб ба кулли натиҷа.

  3. Таҳлили тамоюл — муқоиса намудани ҳар мавқеъ бо як қатор давраҳои пешин ва муайян кардани тамоюл, яъне тағйироти асосии нишондиҳанда, ки аз таъсироти тасодуфӣ ва хусусиятҳои инфиродии давраҳои алоҳида тоза карда шудааст. Бо ёрии тамоюл бузургии имконпазири нишондиҳандаҳо дар оянда ҳосил гардида, таҳлили дурнамо анҷом дода мешавад.

  4. Таҳлили нишондиҳандаҳои нисбӣ (зарибҳо) — ҳисоб кардани нисбати байни маълумоти ҳисобот, муайян намудани робитаи мутақобилаи нишондиҳандаҳо.

  5. Таҳлили муқоисавӣ (фазоӣ) — ин ҳам муқоисан дохилихоҷагӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои алоҳидаи ширкат, корхонаҳои фаръӣ, шуъбаву филиалҳо, ва ҳам муқоисан байнихоҷагии нишондиҳандаҳои ин ширкат бо нишондиҳандаҳои рақибон бо маълумоти миёнаи соҳавӣ ва умумиқтисодӣ мебошад.

пешина
аз 151
навбатӣ