Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
- Таркиби таҳлили натиҷаҳои молиявии фаъолияти корхона дар чист?
- Намудҳои таҳлили молиявиро тасниф намоед.
- Вазифаҳои таҳлили молиявиро номбар кунед.
- Шаклҳои асосии ҳисоботи молиявиро шарҳ диҳед.
Тест 1. Қисми таркибии менеҷменти молиявӣ ва аудит, бидуни маълумот дар бораи методикаи таҳлили молиявӣ қабул намудани қарор оид ба идораи сармоя, коҳиш додани хатари молиявӣ аз имкон берун аст:
А) гардиши пулӣ; В) таҳлили молиявӣ; С) муносибатҳои молиявӣ; D) тавозуни пардохт; Е) гирдгардиши сармоя.
2. Гирифтани маълумотест, ки барои қабулкунии қарорҳои идорӣ зарур мебошад, ин:
А) мақсади таҳлили молиявӣ; В) вазифаи менеҷменти молиявӣ; С) принципҳои назоратии молиявӣ; D) усулҳои ояндабинии молиявӣ; Е) назорати идоракунии молиявӣ.
3. Субъектҳои таҳлили молиявӣ, инҳо мебошанд:
А) моликиятдорон; В) менеҷерон; С) қарздиҳандагон; D) таъминкунандагон; Е) ҳама ҷавобҳо дурустанд.
4. Вазифаҳои таҳлили молиявӣ, аз инҳо иборатанд:
А) тавсифи вазъи ширкат дар замони ҳозира; В) муайян намудани нишондиҳандаҳои фаъолияти корхона қобили қабуланд; С) муайян намудани сатҳи тағйирёбии ҳолати корхона; D) таъмин намудани камшудани сатҳи таваккали молиявӣ; Е) ҳама ҷавобҳо дурустанд.
5. Аз рӯи манбаи иттилоот, таҳлили молиявӣ ҷудо мешавад:
А) таҳлили дохилӣ ва таҳлили берунӣ; В) таҳлили тарҷей ва таҳлили оянда; С) таҳлили техникӣ ва таҳлили сармоягузорӣ; D) таҳлили махсус ва таҳлили аудиторӣ; Е) таҳлили пурра ва таҳлили вазифавӣ.
6. Маҷмӯи нишондиҳандаҳои баҳисобгирӣ мебошад, ки дар шакли ҷадвалҳои муайян инъикос ёфта, ҳаракати амвол, уҳдадориҳо ва ҳолати молиявии корхонаро дар давраи ҳисоботӣ тавсиф медиҳанд:
А) таваккали молиявӣ; В) захираҳои молиявӣ; С) ҳисоботи молиявӣ; D) устувории молиявӣ; Е) усулҳои молиявӣ.
7. Намудҳои ҳисоботи молиявӣ:
А) муҳосибӣ; В) оморӣ; С) идоракунӣ; D) андозӣ; Е) ҳама ҷавобҳо дурустанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё