Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хонданВобаста ба мувозинатӣ селаҳои пулиро ба чунин намудҳо ҷудо мекунанд:
- сустмувозинатшуда - ба мувозинати касри селаи пулӣ дар давраи дарозмуддат асос ёфтааст, вақте ки берун аз ҳудуди як соли молиявӣ касри селаи пулӣ оид ба фаъолияти сармоягузорӣ пасӣ сар гардида, селаҳои фаъолияти амалиётӣ ва молиявӣ ба ин тобеъ карда шудаанд. Ин навъи мувозинат бо самти сармоягузорӣ доштани рушди ширкат робита дорад;
- сахт мувозинатшуда - ба мувозинати селаи касрӣ дар давраи кӯтоҳмуддат тибқи низоми «афзудани суръати ҷалби воситаҳои пулӣ
- мавқуф гузоштани масрафи воситаҳои пулӣ» асос меёбад, яъне вақте ки касри селаи пулии фаъолияти амалиётӣ чун фаъолияти асосӣ пасӣ сар гашта, фаъолияти молиявию сармоягузории кӯтоҳ ва дарозмуддат ба ин тобеъ карда мешаванд. Ин навъи мувозинат бо тақвияти устувории молиявии ҷорӣ, қобилияти пардохт ва ликвиднокӣ робита дошта, ба сармоягузориҳои кӯтоҳи ҳаннотӣ нигаронда шудааст.
Вобаста ба дараҷаи хатарнокӣ селаҳои пулӣ чунин мешаванд:
- дараҷаи хатарашон баланд - селаи лоиҳаҳои инноватсионӣ, хусусан дар марҳилаи ибтидоии сикли ҳаётнашон, ки чунин дараҷаи хатар бо сармоягузориҳои пурхатар дар самти инноватсионӣ вобастагӣ дорад. Зимнан дар фаъолияти молиявӣ ва сармоягузорӣ то гузаштан аз нуқтаи худкифоӣ (пӯшиши хароҷот) ё бозгашти сармоягузории лоиҳа дараҷаи баландтарини хатар, дар фаъолияти амалиётӣ бошад - хатари камтар ба мушоҳида мерасад;
- дараҷаи хатарашон паст - дар намудҳои муқаррарии фаъолияти корхона, хусусан дар марҳилаи авчи сикли ҳаётӣ вуҷуд дорад, ва ин ба суботи ҷамъшавии даромадҳои калон дар давраи «бардоштани фонда» дар бозор алоқаманд аст. Зимнан хатари пасттари селаҳои пулӣ дар фаъолияти амалиётӣ ба мушоҳида мерасад.
Вобаста ба ояндабинӣ намудҳои зерини селаҳои пулиро ҷудо мекунанд:
- пешгӯишаванда - дар ҳолате, ки фаъолияти корхона дар муҳити нисбатан босуботи молиявӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ амалӣ шуда, омилҳои зиёди беруна бартараф карда шудаанду омилҳои дохилиро аз рӯи таърихи рушди устувор дар доираи интихоби ваколатноки оморӣ пешгӯӣ кардан мумкин аст, яъне хатарҳои доимӣ бо ёрии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё