Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондансиёсати ҳукумат бартараф гардида, хатарҳои дохилии техникӣ бо дараҷаи баланди эҳтимолият пешгӯӣ карда мешаванд;
- пешгӯинашаванда - дар ҳолате, ки фаъолияти корхона дар муҳити бесуботи молиявӣ-иқтисодӣ амалӣ мегардад, бисёр омилҳои манфии беруна бо сабаби интихоби ғайривоколатноки оморӣ номуайян буда, омилҳои дохилӣ бинобар интихоби ғайривоколатноки оморӣ бо усулҳои экспертӣ пешгӯӣ карда мешаванд, яъне хатарҳои доимӣ дар дараҷаи баланди номуайянӣ қарор доранду пешгӯӣ карданашон бо сабаби буҳрони сиёсати ҳукумат қариб номумкин аст, хатарҳои дохилии техникӣ бо дараҷаи пасти эҳтимолият пешгӯӣ карда мешаванд.
Вобаста ба идорашавандагии ҷараёнҳои пулӣ метавонанд чунин бошанд:
- идорашаванда - бартарии воридоту хароҷоти пулие, ки корхона бештар бо иҷрои фаъолияти амалиётии ҷоннок ва фаъолияти молиявию сармоягузории ғайрифаъол метавонад онҳоро чунон идора кунад, ки дар заминаи фарогирии хароҷот ва худмаблағгузорӣ рушд намояд, яъне рушди мустақили молиявии корхона аз ҳисоби захираҳои дохилии худ таъмин карда шавад;
- идоранашаванда - бартарии воридоту хароҷоти пулие, ки корхона бо иҷрои амалиёти фаъол ва фаъолияти молиявию сармоягузории ғайрифаъол наметавонад онҳоро чунон идора кунад, ки дар заминаи пӯшиши хароҷот ва худмаблағгузорӣ рушд намояд, яъне рушди мустақили молиявии корхона аз ҳисоби захираҳои бегона - бо қарзҳои калон ва сармояи хурди худӣ таъмин карда мешавад.
Вобаста ба назорат селаҳои пулиро ба чунин намудҳо тақсим мекунанд:
- назоратшаванда — селаҳое, ки воридот ва хароҷоташон қобили пешгӯй ва идора буда, бақияи онҳо бо камтарин фарқият аз сатҳи банақшагирифта ҳосил мешавад, яъне «нақша — воқеият фарқ» дар натиҷаҳои мобайнӣ ва ниҳоӣ дар ҳадди камтарин қарор дорад;
- ғайриназоратшаванда — селаҳое, ки воридот ва хароҷоташон қобили пешгӯй ва идора набуда, салдои селаҳо бо бештарин фарқият аз сатҳи банақшагирифта ҳосил мешавад, яъне «нақша — воқеият — фарқ» дар натиҷаҳои мобайнӣ ва ҳам ниҳоӣ дар ҳадди бештарин қарор дорад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё