Фарзанди хуб - боғи падар

Дар китобча тавсияҳо барои падару модарон гирд оварда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд муфиданд. Китоб ба волидайн кӯмаки амалӣ мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 23 саҳифа
МаорифМаърифатОила
Аз аввал хонданАгар имкон бошад ба ягон гурӯҳи варзишӣ, зери роҳбарии омӯзгор машқу бозӣ кунад, фоидааш беҳтар аст.
- Фарзандатон ба рӯзномаҳои кӯдакона обуна кунед ва ё бо китобҳои мувофиқи синну солаш таъмин намоед. Дар ин давра агар китобҳои дар барномаҳо нишон додаро хонад, фарзандатон босавод ба воя мерасад. Дар ин хусус бо муаллимаш маслиҳат намоед.
Барои хушхон шудани кӯдак ӯ бояд ҳар рӯз дар мактаб як соат ва дар хона ду соат бо овози баланд ва як соат дар мактабу ду соат дар хона хомӯшона китоб хонад.
- Ба саломатии фарзандатон, ба хӯрду хӯрокаш аҳамият диҳед. Бе ношто ё хӯроки нисфирӯзӣ ба мактаб нагуселонед. Агар шумо вақти барояш таом тайёр кардан надоред, худаш тайёр кунад. Агар дар мактаб шароит набусад, ҳатман бо оби ҷӯшомадаи сард ба мактаб фиристед, то аз оби ҷӯю кӯлмакҳо нанӯшад. Охир, хонишу таҳсилу машқ ба тану ҷони солим мезебад. Агар андаке беморӣ эҳсос кунад, аз паси табобати фарзанд шавед. Баъди сиҳат шудан оҳиста-оҳиста бо кӯмаки Шумою муаллим ва ҳамсинфонаш дарсро аз худ карда мегирад. Фақат иродаашро мустаҳкам кунед. Фарзандатонро бовар кунонед, ки ӯ аз ӯҳдаи хониш ва гирифтани дониш баромада метавонед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё