Фарзанди хуб - боғи падар

Дар китобча тавсияҳо барои падару модарон гирд оварда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд муфиданд. Китоб ба волидайн кӯмаки амалӣ мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 23 саҳифа
АГАР ФАРЗАНД ДАР СИНФҲОИ 5-9
ТАҲСИЛ ДОРАД
-
Агар фарзандатон дар синфи 5 хонад, аз хотир набароред, ки ӯ дар давраи мураккаби гузариш қарор дорад. То синфи IV як ё як-ду муаллим дарсаш медод, акнун муаллимҳо бисёр, аз фанҳои гуногун дарс медиҳанд, хислат, донишу маҳорати ҳар муаллим аз ҳамдигар фарқ дорад. Кӯдак рӯҳафтода шуданаш мумкин, зеро маводи таълим, фанҳои таълимӣ ҳам гуногун, васеъ ва мураккабтар мешавад. Бо муаллим алоқа карда, дар хона ҳам ба дарстайёркунии онҳо аҳамият диҳед. Агар доимо кори дарсхониашро зери назорат гиред, дар давоми нимсолаи аввал кори фарзандатон хуб шуда меравад, дар акси ҳол фарзанди қобилтанбал, доно-нодон, мактабхон-дарсгурез мешаваду мемонад.
-
Тахминан аз синфҳои VI-VII хислати кӯдакон хеле тағйир меёбад. Бо таъсири синну сол, қувва гирифтани ҷисм, бештар ба олами берун шинос шудан, писарон ба кӯчагардӣ, оворагардӣ, савдои майда, умуман бо корҳои бароишон сердаромад машғул шуда ба он завқ пайдо мекунанд. Духтарон ба сару либос, орои мӯй, лабу рӯй, ба пӯшидани либосҳои танги батанашон часпанда, ба дугонабозӣ, рафтан ба тӯю тамошоҳо бештар майл мекунанд.
Ин табиати синну сол ва талаботи физиологии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё