Фарзанди хуб - боғи падар

Дар китобча тавсияҳо барои падару модарон гирд оварда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд муфиданд. Китоб ба волидайн кӯмаки амалӣ мерасонад.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 23 саҳифа
ОилаМаорифМаърифат
Аз аввал хонданорганизм аст. Дар ин синну сол чораҳои манъкунӣ, дӯғу пӯписа, ҷазодиҳӣ (махсус ҷазои ҷисмонӣ) фоида надорад, баръакс кӯдакро нописандтар, аз шумо дур ва ҳатто ҷоҳил мекунад.
Шумо дар ин давра ба завқу завқи фарзанд роҳ кушода, дар чорчӯбаи ахлоқ роҳи зиндагиро фаҳмонида диҳед. Аз як-ду ва ҳатто се-чор маротиба қошу қавоқ кардани ӯ наҳаросед. Собитқадаму дилпур бошед. Бо фарзанд ҳамчун ҳамсоли худ сӯҳбат кунед. Як гӯшаи кори рӯзгорро ба зимааш гузоред, аммо то он дараҷае, ки ба таълиму тарбияаш халал нарасонад. Ин раванд то синфи 9 давом мекунад.
- Мустақилона кор кардан, фикр намудани фарзандатон дар ин давра мусоидат намоед. Муяссар шавед, ки ҳар яке онҳо нақшаи кору амал дошта бошанд. На танҳо аз кори хонаю рӯзгор, балки барои таҳсили ояндаашон фикри онҳоро пурсед. Завкашро омӯзед ва бо донишу имкониятҳо муқоиса намуда, барои ояндаи фарзанд нақша кашед ва роҳҳои амалӣ намудани онро ҷустуҷӯ намоед. Мустақил фикр кардан дар натиҷаи хондани мунтазам ва муназзам (системанок) ба даст меояд. Фаҳмед, ки кадом китоби бадеӣ, илмӣ-оммавӣ, кадом рӯзномаро мехонад фарзандатон. Дар ёфтани китоб ёрӣ расонед. Китобҳои бадеии маъкулро дарёфт карда ба фарзанд тавсия диҳед. Хубаш фарзандро ба китобхона аъзо кунед. Мақсад аз ёфтани китоб хондан аст. Пурсида

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё