Зеҳн
Фарзанди хуб - боғи падар

Дар китобча тавсияҳо барои падару модарон гирд оварда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд муфиданд. Китоб ба волидайн кӯмаки амалӣ мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 23 саҳифа

ОилаМаорифМаърифат
Аз аввал хондан
  1. Дар ин синну сол омӯхтани компютер ва дигар воситаҳои техникӣ осон ба даст меояд. Агар тавонед худАТОН харед, натавонед бигузор дар мактаб омӯзанд онро. Шумо назорат баред, ки шайдои компютер шуда бо бозӣ машғул гашта, аз дарс монда наравад. Донед, ки иштиёқ, ҳавас ва завқи бозӣ ниҳоят сахт аст. Як ба он гирифтор шавад, ҷудо шуданаш душвор. Оқибат ба дуздӣ, дурӯғгӯй, бесаводӣ бурда мерасонад. Ҳама чиз ба меъраш. Машғул шавад, омӯзад, аммо қиморбозӣ накунад. Аз ҳама беҳтар ба омӯзиши компютер дар назди омӯзгор машғул шавад.

  2. Ба назди худ ва фарзандон вазифа гузоред, ки синфи 9-ро бо муваффақият хатм бояд кард. Донед, ки хонанда то синфи IX донишҳои барои ҳаёт зарурашро аз ҳамаи фанҳо бояд гирад, аз ҷумла:

  • воқеаҳои асосии таърихи Тоҷикистон, таърихи умумиро донад;

  • бехато навишта тавонад, маводи хондаашро бурро нақл кунад ва нависад. Дар бораи ҳодисаҳои табиат, воқеаҳои ҳаёт мустақилона фикр ронда, ақидаи шахсии худро гӯяд ва онро навишта тавонад;

  • сохту функцияи давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонро донад;

  • масъала ва мисолҳоро ҳал кунад, моҳияти формулаҳои риёзӣ, геометрӣ ва физикаю химияро

пешина
аз 23
навбатӣ