Зеҳн
Фарзанди хуб - боғи падар

Дар китобча тавсияҳо барои падару модарон гирд оварда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд муфиданд. Китоб ба волидайн кӯмаки амалӣ мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 23 саҳифа

МаърифатОилаМаориф
Аз аввал хондан

МЕХОҲЕД, КИ ФАРЗАНДАТОН МАЪЛУМОТИ МИЁНА ДОШТА БОШАД?

  1. Барои гирифтани маълумоти миёна Шумо ҳамроҳи фарзандатон ё мактаби таҳсилоти умумӣ, ё литсею гимназия, ё техникумро интихоб кардед. Ин дар ихтиёри шумоён аст, аммо аз ин интихоб масъулияти падару модар бештар мешаваду кам не.

Албатта, ё Шумо, ё фарзандатон касби ояндаи ӯро интихоб карда ин ҳунарро маъқул шуморидаед.

  1. Донед, ки ду сол зуд мегузарад. Аз рӯзи аввали ба синфи X рафтани фарзанд, дар тамоми фаъолияти ӯ кӯмак расонед, назоратро ҷиддӣ ба роҳ монед.

  2. Ашёҳои хониш, сару либосашро муҳайё созед. Либосе гиред, ки ба танаш шинам бошад, аз зару зевар ва либоси қимматбаҳо худдорӣ кунед. Фаҳмед ва фаҳмонед, ки фарзандатон ба тӯй не, ба мактаб меравад.

  3. Алоқаро бо мактаб, омӯзгорон зич кунед. Ба дарсҳои фарзандатон дароед.

  4. Дар синфҳои X-XI хонандагон аз фанҳои гуногун дониши нисбатан пурра мегиранд. Ба муаллимон такя кунед, то фарзандатон дониши ҳаматарафа гирад.

  5. Ҳатман ба китобхона аъзо кунед. Китобхониашро назорат намоед. Чӣ хеле, ки

пешина
аз 23
навбатӣ