Зеҳн
Фарзанди хуб - боғи падар

Дар китобча тавсияҳо барои падару модарон гирд оварда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд муфиданд. Китоб ба волидайн кӯмаки амалӣ мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 23 саҳифа

ОилаМаорифМаърифат
Аз аввал хондан

дар синфҳои поёнӣ буд, зарур шавад бо китоб таъминаш кунед. Ба маҷаллаю рӯзномахонӣ одат кунонед.

  1. Пурсида истед ё мушоҳида кунед, ки фарзандатон чӣ мехонад, чӣ тамошо мекунад, бо киҳо дӯстӣ дорад?

  2. Бо фарзанди худ ҳамчун рафиқ, дугона муомила кунед. Рӯзгордорӣ, таомпазӣ, кашдӯзӣ, гулдӯзӣ, ҷомашӯӣ ва ғайраҳоро омӯзонед. Ба меҳмондорию меҳмонравӣ омода созед. Дар бораи оиладдорӣ дар мавридаш сӯҳбат кунед.

Дар ёд дошта бошед, ки баъди андаке вақт фарзанди Шумо оила барпо мекунад, падар ва ё модар мешавад.

  1. Модоме, ки мақсад аз гирифтани маълумоти миёна оянда таҳсил дар мактаби олӣ аст, аз рӯи равияи таълим тайёр кардани фарзанди худро оғоз намоед. Агар дар мактаб дарсҳои иловагӣ бошад, фарзандатонро ба он ҳидоят намоед, агар набусад, ташкил кунед ва ё муаллими алоҳида гиред. Такрор мекунам: ду сол чун ду рӯз мегузараду бетарафӣ кунед, пушаймон хоҳед шуд. Агар фарзанди Шумо ду сол мунтазам ва муназзам тайёрӣ бинад, бисёр чизҳоро омӯхтанаш мумкин.

  2. Дар ёд доред, ки инсон ҳаштод дар сади, ё 80 фоизи донишро дар даврони мактабхонӣ аз бар мекунад. Дар мактаби техникӣ, олӣ, касбӣ дар оянда ӯ ягон ҳунар аз худ менамояд, донишашро сайқал медиҳад, малака пайдо мекунад ва дар

пешина
аз 23
навбатӣ