Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа
ҳайҳуи одамон, садои суми аспон баромад аз тарс ба қабристон гурехта, дар гӯрҳои фурӯрафта паноҳ мебурданд. Баъди ҳар омадурафти босмачиён нолаю фарёди мардуми ғоратзада ба фалак мепечид. Дар ҳама хонаводаҳо камубеш ғаму андӯҳ, воҳимаю тарс ҳукмрон буд...
Ана дар чунин авзои ноҷӯр писараки ташнаи илму дониш - Мирзои хурдсол камол меёфт, бурдборона пеш мерафт ва дар сар нияти наҷиби идома додани таҳсилро дошт. Алорағми ҳамаи монеаҳо соли 1924 дар Қаратоқ мактаби нав дари худро барои толибилмон боз менамояд. Ва дар қатори аввалинҳо Мирзо низ ба дабистон қадам мегузорад ва аз устоди нахустини худ дар мактаби шӯравии деҳа - Абдураҳмон Ғуломӣ як сол сабақ мегирад. Чаҳонбинии хешро тақвият медиҳад. Усули таълим дар мактаби нав аз ҳар ҷиҳат ба Мирзо писанд мешавад. Азм мекунад, ки таълимро дар интернат-парваришгоҳ идома диҳад. Ва дар шароити муборизаҳои хунин, тохтутози босмачиён, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон кумитаҳои инқилобӣ фаъолият мекард, аз азмаш нагашт. Гоҳ савораю гоҳ пиёда, аз тепа ба тепа гузашта, аз босмачиён натарсидаю наҳаросида, бо ҳазору як мушкилот рӯ ба рӯ шуда, ҳамроҳи дӯстон Муҳаммадию Абдураҳим ба макони армонҳои дилаш - Душанбе расид. Ва ба савганди минбаъд бо шеър хӯрдааш "Хизмати шоиста бар ёру диёре мекунам" заминаи боэътимод гузошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё