Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа
Файзалӣ Шукур соли 1956 дар деҳаи Шунуки ҷамоати деҳоти Қаротоқи шаҳри Турсунзода ба дунё омадааст. Соли 1982 риштаи рӯзноманигории ДМТ-ро бо баҳои аъло ба итмом расонида, дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз мекунад. Дар шӯъбаи кишоварзии радио, аввал ба ҳайси муҳаррир ва баъдан мудири шӯъба фаъолият намудааст.
Файзалӣ Шукур нахустин рӯзноманигори тоҷик аст, ки тайи солҳои 2004 - 2006 ба Федератсияи Россия рафта, барои расонаҳои хабарии Тоҷикистон, аз ҳаёти муҳоҷирони тоҷик хабару гузоришҳо таҳия кардааст.
Ӯ муаллифи китобҳои «Хотираҳо дар ёдҳо» (2008) ва «Қиссаи танбур» (2010) мебошад. Аз соли 1985 узви Иттиҳоди рӯзноманигорони мамлакат мебошад. Барои фаъолияти пурсамараш дар матбуоти тоҷик бо нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Файзалӣ Шукур ҳоло хабарнигори махсуси радиои «Тоҷикистон» дар водии Ҳисор мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё