Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа
намедидем. Мо ҳамеша як ҷо будем, якҷоя мегаштем, бозӣ мекардем. Бачаҳои маҳалла ҳама Мирзоҷонро дӯст медоштанд, мехостанд, ки ҳамеша бо ӯ бошанд. Чаро ки вай аз кӯдакӣ муросокор ва тарафдори сулҳу созиш буд. Агар ҳангоми бозӣ бо бачаҳои гузар ягон нофаҳмӣ ё ҷанҷол ба миён меомад, ҳамон замон онҳоро бо ҳам оштӣ меандохт. Вай намунаи ибрати мо - кӯдакон буд.
Писартағоям дар синну сол аз ман андак калонтар бошад ҳам, аллакай дар синни 13-14 солагӣ ба мисли як марди бузург ҳарф мезад ва маро баъзан насиҳат ҳам мекард. Ғайр аз хондан дар сар дигар андешае надошт...
АСЛАШ БА НАСЛАШ МЕКАШАД
Дар урфият мегӯянд, ки "агар Худо назар накарда бошад, ҳатто дар бозори мол далол намешавӣ". Устод Мирзо Турсунзода воқеан, як марди назаркардаи Яздони пок буд, ки ҳанӯз дар тифлию хурдсолиаш бо рафтору гуфтор ва пиндори худ, хешу пайвандон ва умуман атрофиёнро дар ҳайрат мегузошт. Ин маъниро банда дар қиссаҳои ҳамсояи усто Турсуни дуредгар - бобои Абдулло дарёфтам. Бо ин мӯйсафеди пурдону хушсуҳбат муддати тӯлонӣ суҳбат доштем. Бе шеър сухан намегуфт, андешамандона ҳарф мезад. Нағз дар ёд дорам, чун аз хотироташ дар бораи Усто Турсуну писараш Мирзо пурсон шудам, самимона бо шеър сухан оғоз карда ба шарҳаш пардохта буд:
Ҳар касе ҳамсояро дилхаста кард,
Ҳақ дари ҷаннат ба рӯяш баста кард.
=8=

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё