Зеҳн
Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар гузари Тошқӯрғон усто Турсуни дуредгар дар ҳамсоягии мо мезистанд. Он кас инсони покдил, чирадаст дар дуредгарӣ басо мумтоз буданд ва дар ҳамсоядорӣ низ ҳамто надоштанд. Русуми ҳамсоядориро бо тамоми нозукиҳояш риоя мекарданд. Писарашон Мирзо бачаи басо зирак буд. Хуб дар хотир дорам, ӯ ҳанӯз дар 9-10 солагӣ савод дошт, бемалол мустақилона китоби Қуръони маҷид ва Бедилу Ҳофизро мехонд.

Мардуми тоҷик вобаста ба авлоду аҷдод чунин ҳикмати пурмаъние дорад: "аслаш ба наслаш мекашад". Авлодони усто Турсуни дуредгар бесавод набуданд. Ба писараш Мирзо ном гузоштани ӯ мисоли равшани ин аст. Бародари хурдии усторо Қорӣ Розиқ мегуфтанд. Ӯ дар 10-солагиаш Қуръони Шарифро азбар намуда, дар мадрасаи Бухоро таҳсил карда буд.

БИЛОЛ МЕҲТАР - ТАРҒИБГАРИ ҲОФИЗХОНИИ МИРЗО

Тавре болотар ишора кардем, воқеан дар даврони тифлӣ устод Мирзо Турсунзода бо ҳофизхониаш аҳли адаби деҳ, ихлосмандони шеъри классикии тоҷикро ба ҳайрат гузошта буд. Шоир дар ин бора дар ҷилди сеюми куллиёти худ, дар мақолаи "Ғазалсарои бузурги машриқ" чунин менигорад: "Ман аз овони бачагӣ ба шеърҳои азизтарин шоири форсизабонон - Ҳофизи Шерозӣ дилбастагӣ дорам. Шеърҳои ин устоди назм зеҳни маро бо сеҳру ҷоду асири худ гардонидаанд,

пешина
аз 28
навбатӣ