Баҳор боз меояд...

Маҷмӯаи шеърҳои Робия Холмирзо мебошад, ки таронаҳои муосири зиндагиро дар бар мегирад. Шеърҳо аз дили саршори меҳру муҳаббати шоира берун омада, гармиву рӯшноиро ба дили хонандагон интишор медиҳанд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 76 саҳифа
ШеърАдабиёт
Аз аввал хонданРАНГИНКАМОНИ ВАҲДАТ
Дил ҳамчу гул шукуфта дар бӯстони Ваҳдат,
Дур аст аз камонҳо рангинкамони Ваҳдат.
Олам гувоҳ бошад: ҷонро сипар намуда,
Бигзашт халқи тоҷик аз имтиҳони Ваҳдат.
Тоҷик кони меҳр аст, имрӯз мешиносанд
Ӯро миёни арса чун қаҳрамони Ваҳдат.
Дар чашми мо намояд бас устувору барҷо
Ҳар кӯҳи сарбаландаш як посбони Ваҳдат.
Омӯву Сир, нигаҳ кун, аз марзи мо гузаштанд,
Хонанд ҳар куҷое то достони Ваҳдат!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё