Зеҳн
Баҳор боз меояд...

Маҷмӯаи шеърҳои Робия Холмирзо мебошад, ки таронаҳои муосири зиндагиро дар бар мегирад. Шеърҳо аз дили саршори меҳру муҳаббати шоира берун омада, гармиву рӯшноиро ба дили хонандагон интишор медиҳанд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 76 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

МУСАВВИР

Поку зулолу сода ҳамранги чашмаҳоям,
Чун гиряҳои чашма зебост хандаҳоям.

Шодоб чеҳраи ман ҳамчу гул аст, оре,
Мерос дилбариро бигрифта аз Ҳавоям.

Хуни гул аст ҷорӣ дар ҳар раги вуҷудам,
Лутфи занона дорад ҳар ҳарфу ҳар ҳиҷоям.

Ишқ аст расми покӣ, оре, мусаввирам ман,
Ҷо карда акси ёрам дар акси ҳар садоям.

Рӯи кафи худ, эй ёр, гиру навозишам кун,
Як ҳадяе бароит ман аз кафи Худоям...

пешина
аз 76
навбатӣ