Зеҳн
Баҳор боз меояд...

Маҷмӯаи шеърҳои Робия Холмирзо мебошад, ки таронаҳои муосири зиндагиро дар бар мегирад. Шеърҳо аз дили саршори меҳру муҳаббати шоира берун омада, гармиву рӯшноиро ба дили хонандагон интишор медиҳанд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 76 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

КАМОЛИ ИШҚ

Ман аз заволи худам гиря мекунам, оре,
Худам ба ҳоли худам гиря мекунам, оре.

Камоли ишқ чӣ бошад? Ҳамин таронаи яъс,
Ман аз камоли худам гиря мекунам, оре.

Забон кушодану даъвии ишқ натвонист
Ба ҷони лоли худам гиря мекунам, оре.

Хаёл буд, ки дилро ба сад бало афканд,
Аз ин хаёли худам гиря мекунам, оре.

Сафар гарону гаронтар аз он надидани туст,
Ба иртиҳоли худам гиря мекунам, оре...

пешина
аз 76
навбатӣ