Баҳор боз меояд...

Маҷмӯаи шеърҳои Робия Холмирзо мебошад, ки таронаҳои муосири зиндагиро дар бар мегирад. Шеърҳо аз дили саршори меҳру муҳаббати шоира берун омада, гармиву рӯшноиро ба дили хонандагон интишор медиҳанд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 76 саҳифа
АдабиётШеър
Аз аввал хонданБАҒДОДИ ДИЛ...
Ҳадиси чашми ту, эй дилфигор, хоҳам гуфт,
Ду-се тарона зи фасли хумор хоҳам гуфт.
Пиёда мекунам аз асп шоирони ҷаҳон,
Даме ки васфи ту, эй шахсувор, хоҳам гуфт.
Чу мерасӣ, ҳама ҷо ғарқ мешавад дар гул,
Туро барои дили худ баҳор хоҳам гуфт.
Зи баски хун бичакад аз нигоҳи ман ҳар дам,
Нишони манзили худ лолазор хоҳам гуфт.
Дар ин чакома, ки "Бағдоди дил" бувад номаш,
Чу Шаҳрзод туро Шаҳрёр хоҳам гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё