Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

аломати ризо сар ҷунбонд. Вале дере нагузашта, боз боиси хандаву мазоҳи дӯстонам қарор гирифтам. Ин дафъа ба хона омадам ва гиряро бардоштам, ки бандҳои остини куртаамро модарам бибуранд. Ҳарчанд модарам фаҳмонд, лекин ман ҳам ба хостаам истодагарӣ кардам.
Модари бечораам ҷуз буридани бандҳои зебое, ки дар сари остинҳоям духта буд, дигар чорае надошт.
Тоқича ҳам доштам. Модарам, ки худ табиатан эҳсоси зебоипарастӣ дошт, оҳистаоҳиста тухми ин меҳрро дар қалби кӯчаки ман низ кошт. Ман ҳам дигар ба зоҳирам таваҷҷуҳ менамудам. Мекӯшидам ҳамеша тозаву озода бошам, сару рӯям ҳамеша шуста, мӯйҳои ҷингилаам доимо шоназада бошанд, ҳарчанд шона карданашон хеле барои ман сахту дардовар буд. Гоҳе ҳангоми саршӯӣ, вақте модарам ба мӯйҳоям шона мезад, мегиристам, чунки мӯйҳои дарозам дар шона печида дарди сахту ҷонкоҳе эҷод мекарданд. Дар аввали фасли баҳор, айёми гули бодом маро ба назди очаи Сафаргул бурданд, то гӯшҳоямро барои гӯшворандозӣ сӯрох намояд. Боз ҳам дард ка-

пешина
аз 95
навбатӣ