КИТОБИ ОРЗУҲО

шидам. Дарди шадид. Аз ин дард якчанд моҳ азоб кашидам. Зоҳиран ҷои сӯрохкардааш хуб набудааст. Ба қавли калонтарҳо, дар рӯи раг сӯрох кардааст, ки то дергоҳ захмаш дуруст намешуд. Чанд вақт моро лозим омад, ки аз марҳами махсус барои ба ҳам овардани захм истифода кунем.
Рӯзе аз дарвозаи ҳавлӣ берун баромадам.
Дар назди хонаамон дӯкони қишлоқ ҷойгир буд. Кунҷковона ба дари кушодааш нигаристам. Дар пештахтаи мағоза чизе дурахшид.
Даромада дидам, ки ангуштарӣ будааст.
Ангӯштарии хурдакаки оҳанин. Ҳамааш аз оҳан, вале ҷои нигинаш даврашакл сохта шуда, ранги сурхаш карда буданд. Мисле, ки нигини ангуштарӣ бошад. Хеле хушам омад. Дар дилам орзу кардам, аз ин дошта бошам. Омадам ба хона. Модарам машғули нонпазӣ буд.
– Чаро зуд баргаштӣ? Бозикунӣ мерам гуфта будӣ?
– Оча, дар магазин як чизак омадай!
– Чӣ омадай?
– Як чизи «фасон»!
– Хай, чӣ будаст он чизи «фасон»? Лента, курта ё туфлича?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё