КИТОБИ ОРЗУҲО

– Чалла!
– Чалла?
– Ҳо, очаҷон, як чаллаи ҳамин қадар фасонай, ки то бас гуфтана. Мехарӣ?
– Бачам, ҳолӣ барои чаллахарии ту вақт бисёрай!
– Охир, очаҷон, мефорам дошта бошам.
– Не, гуфтам, не. Тамом, гапро зиёд накун.
Бо лабу рӯи кашол баргаштам ба кӯча барои бозикунӣ, аммо ҳушу ёдам банди он ангуштарии зебои нигинсурх буд. Билахира, чун дидам, ки волидайн барои хариди ангуштарии дилхоҳам ҳаракате нишон намедиҳанд, арзамро бурдам ба бибиям. Бибие, ки хеле дӯстам медошт ва ҳар нозамро ба ҷон мехарид.
– Чиба отату очат нахариданд?
– Очам мега, ҳоло барои чаллакунии ту барвақт аст.
– Хай, ҳамин хел, ки гуфта бошанд, дигар чӣ кор кунем? Хай, камтар бестем, баъдтар мехарем. Ман худам пенсама, ки гирифтам, ҳатман бароят мехарам.
– Охир, Фарангису Маърифат ҳам харидиян. Дар дасташон чанд рӯзай гаштестан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё