КИТОБИ ОРЗУҲО

буд, муроҷиат кард:
– Атаи Дил, дасти ин духтара бин, чӣ шудай?
– Ин чалара, ки дар дасташ кардай, тез бигиренаш. Барор аз дасташ!
– Ҳамин қадар мекунам, намешава.
Талошҳои падарам низ бесамар анҷомид.
Баъди хеле андеша гуфт:
– Мо бояд ҳар чӣ тезтар ин чаларо аз чиликаш бигирем, вагарна варамаш бисёртар шуда, ҳолаш бад мешавад. Бо чанд асбоби оҳанбурӣ низ хост оҳанашро бурида партояд.
Бо маҳзи даст расониданаш ба ангуштам нолаи ман ба фалак мепечид. Ночор монд.
Баъдҳо фаҳмидам, чаро натавонист коре бикунад. Чун падар буд, таҳаммули шунидани доду фарёди дардолуди маро надошт. Қалби падаронааш инро намебардошт. Ин дам гӯё фикре ба сараш зад:
– Хонаи акаи Абдураззоқ биравен, ку, як бибинаш, чӣ мега? Оҳангарай шояд ягон роҳашро ёбад.
Акаи Абдураззоқ дар оҳангархонааш машғули кор буд. Аҷаб марди ҳунармандест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё