Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз оҳан ҳар гуна асбобҳои лозимии рӯзгор – дос, корд, табар, бел ва ғайра месохт ва мушкили мардумро то ҳадде ҳал мекард. Ангушти варамкардаи маро бодиққат аз назар гузаронида, хулоса кард:
– Як роҳ дорад ин оҳанро ман бояд зуд бибурам, вагарна лаҳза ба лаҳза варам карда, ҳолашро бад мекунад.
Аз байни асбобҳои корияш як оҳанчаро гирифта, ангушти маро сахт дошта ба рӯи зонуяш гузошт. Додам ба осмон дакка хурд. Дастамро зуд кашидам. Боз дасташро дароз намуда, дастамро гирифта, рӯи зонуяш гузошт ва бо арра буридани ангуштариро оғоз намуд.
Гиристам, фарёд задам ва боз дастамро аз зӯри дард кашидам. Дид, ки ин тавр кор хуб пеш намеравад, ба чашмонам нигоҳ карда гуфт:
– Чиба дастата мекашӣ?
– Дард мекуна, – посух додам гириста.
– Дард мекуна? Ҳоли дардро надидаӣ.
Агар намонӣ, ки оҳанро ман бурида бигирам, туро мебаранд балнеса, ҳамин чиликта бурида мепартоянд. Баъд маззаи дардро мефаҳмӣ.
Ӯра дард меган, ин дарди чиай? Ту духтари

пешина
аз 95
навбатӣ