КИТОБИ ОРЗУҲО

зӯрӣ як дам тоқат мекунӣ, ман оҳанашро бурида мепартоям, ҷонат халос. Набоша отата мегӯм, ҳамун балнеса бибарат, чӣ коре, ки дилшона бфора, баъд мекунан. Хуб, чӣ кор кунам, оҳанро бибурам ё балнеса мерай?
Аз тасаввури ин, ки ангуштамро бурида мепартоянд, дар баданам мурғак дамид. Ростӣ, сахт тарсидам. Тарсидам, ки ангуштамро мебуранду боз дугонаҳоям: «Дили бечилик» гуфта масхараам мекунанд. Фикр карда ба ин хулоса расидам, ки оҳанро ҳамин акаи Абдураззоқ бурида партояд беҳтар аз он аст, ки як умр бечилик бимонам. Ночор бо аломати ризо сар ҷунбонидам ва акаи Абдураззоқ кори буриши оҳанро сар кард. Бояд иқрор кунам, ки хеле дардаш сахт буд. Худо ба сари душмани кас он рӯзи шумро наёварад. Ангуштарӣ дар байни ангушти варамкардаи ман гум шуда рафта буд.
Акаи Абдураззоқ мисли заргарон зарра ба зарра онро мебурид. Хеле эҳтиёт мекард, аммо арраи оҳанбурӣ бисёр вақт ҳамроҳи ангуштарӣ ангушти маро низ кам-кам мебурид ва баъди чанде ҷои буридааш хуншор мешуд. Каме хунро тоза карда, акаи Абдураззоқ боз дубора ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё