Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

мон шудам, ки аз ин номаъқулии кардаам, ба забон наметавон онро баён сохт. Ба худ андешидам: «Агар аз ҳамин бало халос ёбам, дигар ҳаргиз номи ангуштарро ба забон намегирам, чӣ расад ба ангушт ё даст гирифтанаш.»
– Оҳ, Худоҷон маро аз ҳамин бало наҷот бидеҳ, дигар ин корро дар ҳаётам такрор намекунам.
Ин лаҳза садои хушҳолонаи акаи Абдураззоқ баланд шуд:
– Тамом! Ҷонат халос шуд. Ҳамин қадарак оҳанча, бибин, чӣ қадар туро азоб дод. Маҳ, бигираш, бибар дар хонатон «на памят» баҷош кун ва ҳар вақт чалла карданӣ шудӣ, тамошояш кун!
Оҳи сабук кашидам. Дарду сӯзишаш ҷонамро ба танг оварда буд. Зуд аз ҷоям баланд шуда сӯи ҳавлиямон давидам. Хонаи усто аз манзили мо як хона он тарафтар аст, бинобар ин, зуд расидам. Падарамро дами дарвоза рӯ ба рӯ омадам. Азми куҷое рафтан дошт.
– Куҷо шуден? Алахон шудам! Чӣ кор карден? Дастатро чӣ гуфт акаи усто?
Ман ба ҳарф задан қодир набудам. Буғз

пешина
аз 95
навбатӣ