Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

карда будам. Ҳама он гиряе, ки дар хонаи усто дар гулӯ саркӯб карда будам, роҳи баромад мехост ва сахт роҳи нафасамро фишор медод.
Метарсидам, ки баробари лаб во кардан гиряам низ фаворазанон ба берун мерезад ва ман дигар наметавонам худро идора намоям. Намедонистам, чӣ кор кунам. Ин лаҳза модарам ҳам расид. Пурсиши падарамро мунтазир нашуда кӯтоҳ посух дод:
– Худоро шукр, ҳал шуд. Мушкил паси сар монд.
– Оҳо, ҷонам халос шуд бигӯй. Нағз, нағз, ку ин ҷо биё, ман бинам.
Хуни дастамро дида ҳуш аз сараш парид.
– Даррав бинту зелёнка биёр, дасташро бандем.
Ба эҳсосот дода шуда дубора ашки чашмонам равона гашт. Дастамро зуд бастанд. Ҳар ду дастамро ба дасташ гирифт. Падарам бо шухӣ пурсид:
– Боз чалла мекунӣ дар дастат?
– Не, дигар ҳеҷ вақт намекунам, – бо ҷиддият посухаш гардонидам ва худамро ба оғӯшаш партофта, то дилам холӣ шудан гири-

пешина
аз 95
навбатӣ