КИТОБИ ОРЗУҲО

хеш шурӯъ кардааст. Хостам дар рӯи барфи сафеди нуқратоб, ки дурахши чашмхиракунандае дошт, худамро партофта, то дилам хунук шудан ғел бизанаму барфбозӣ кунам, аммо аз ягон-ягон ҳамсояҳо ва дигар шахсоне, ки дар атрофам гаштугузор мекарданд, шарм доштам. Худамро ба даст гирифтам ва ин хоҳишамро дар қаъри дилам саркӯб кардам.
Эҳ, ёди айёми кӯдакии беғамона ба хайр, лекин афсӯс намехурам. Аз ҳавои тозаи зимистон жарф-жарф нафас кашидаму рӯҳу ҷонам дигар шуд, хаёлам, ҷони тозаву наве гирифтам.
Ҳамин ҳавои тоза ҳам ғанимати бузургест.
«Баъдтар бачаҳоро ба барфбозӣ мебарораму ормонҳои диламро мешиканам,» – дар фикрам ин барномаро тарҳрезӣ кардам.
Шукронагӯён ба Холиқи Якто аз боби ин неъмати гаронбаҳояш, болидарӯҳу сарҳол аз паи корам мерафтам. Интизор будам ин ҳадяро, сахт интизор будам. Чанд қадам гузоштаму ҳамсояи ҳамеша аз ҳаёт норозиям Нигора аз пешам шикваю нолишкунон баромад:
– Чӣ турӣ, ҳамсояҷон? Ин қадар барфи бисёр боридасте, э Худое-е, ин чӣ гапай, як майда камтаруш биборӣ, намешава? Охӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё