КИТОБИ ОРЗУҲО

стам. Ва то ҳол бар он гуфтаам содиқ мондам.
То имрӯз ба зару зевар, хусусан, ангуштарӣ чандон рағбат надорам.
Занги телефонам моро аз дунёи хотироти кӯдакӣ ба дунёи пурҷӯшу хурӯши имрӯзӣ баргардонд.
– Дил, куҷо шудӣ? Дер кардӣ, нигарон шудам. Хуб ҳастӣ? – шавҳарам дар ташвиш афтода буд.
– Ҳама чиз хуб аст, иншоаллоҳ, ним соат пас наздат мерасам, хотирҷамъ бош.
– Қаҳваатро бинӯш, баъд биравем, ҳарчанд то ту нақли чаллаатро ба поён расондӣ, хеле хунук ҳам гаштааст. Қаҳваи сардшударо сар кашидаму давидем пайи ташвишҳои зиндагии имрӯзӣ.
Аҷаб зебост!
Аз шаб барф борид, то саҳар беист барф
борид. Субҳгоҳон табиат аҷаб зоҳири зебову
нотакроре дошт, шохҳои дарахтон ба мисли
духтари зебо ва бошарму ҳаё аз гаронии барф
хам зада, ангор, ба таъзими мо сар фуруд
овардаанд. Дар ҳеҷ ҷо доғи замини хокӣ нест,
балки аслан доғе нест. Замину замон куллан
сафедпӯш шудааст, ба мулки сафедистон табдил гаштааст, диёри офтобиям. Маълумам
шуд, ки илоҳаи покию иффат, таровату виқор
ва табиби табиат зимистони нозанин ба кори

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё