КИТОБИ ОРЗУҲО

сан худи ман бо ҳамсинфонам, ҳамин ки дарс тамом мешуд, ба назди хонаи акаи Қаноат медавидем, то каме ҳам бошад, дар майдони яхи пушти хонааш яхмолакбозӣ карда, диламонро тар созем.
Дар лабони Нигора табассум гул карду хаёлаш ба дунёи кӯдакияш парвозкунон рахти сафар баст:
– Эҳ, нагӯ, ҳамсояҷон, доим пинҳонӣ барф мехурдаму аз пасаш ай очам шаллоқ. Дар шифирҳои боми хона шӯшаҳои якметрӣ саҳарҳо пайдо мешуданд ва падарам онҳоро зуд нест мекард, ки мо нахӯрем, аммо ман доим якеро пинҳон карда, ҳангоми мактабравӣ мисли яхмос баҳузур лесида-лесида, ҳамсинфонамро сӯзонда мерафтам, лекин дар охир ба даст афтодаму падарам танбеҳи хубам дод. Бечораҳо метарсиданд, ки мо шамол хӯрда касал мешавем, барои ҳамин эҳтиёт мекарданд. Барфбозиҳора намегӯӣ? Барфшапаку лағжидани рӯи ях, як вақтҳо мехостам рақси рӯи яхро аз худ кунам. Аҷоиб дунёе доштем, аҷоиб хотираҳои хубе дорем аз барфу аз зимистон. Э, раҳмат, дугона, вақтамро аҷаб хуш кардӣ-да!
– Пас, зимистон зебост ё на?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё