КИТОБИ ОРЗУҲО

– Албатта, зебост. Хеле зебост!
Офатат бизанад, илоҳим
Баъди рӯзи корӣ хастаҷон ба хона бармегаштам. Назди хараки даромадгоҳи бино, ҳамсояам бо писарчаи дусолааш менишаст.
Маро дидан замон саломам дод. Ман ҳам, ки чанд рӯз боз ӯро надида будам, аҳволпурсияш намудам. Ӯ мунтазири ҳамин суханҳои ман, лаб ба шиква кушод:
– Ҳамсояҷон, ин қадар шуморо дер-дер мебинем?!
– Корҳоям хеле зиёданд – ҷавоб додам.
– Хайр, ҳозир як дамак бишин чақ-чақ кунем, ин кори дунёро, ки бигӯӣ тамомшавӣ надорад. «Одаму дам» мегӯянд – гуфта ба хараки назди даромадгоҳ ишора намуд.
Ночор нишастам. Аз ҳар мавзӯъ сухан мекардем. Суҳбатамон қӯр гирифт. Росташ, ҳамсояи ташнаи «чақ-чақ»-у гапзанӣ ба ман имкони даҳонкушоӣ надода, беист ҳарф мезад.
Ман ғайр аз хомӯш истодан ва ғайр аз дар ҷойҳои зарурӣ сар такон додан чораи дигаре надоштам. Ногоҳ садои гурӯҳи духтараконе, ки аз мо каме дуртар машғули бозӣ буданд, баланд шуд.
– Очаи Фаридун, бачат ғалтид.
Баробари дидани бачаи дар замин афтодааш ҳамсоязан давида ба болои сари бачааш рафт. Ҳангоме ки ӯро аз замин мебардошт, овозаш баланд шуд:
– Ҳай, Илоҳим офатат бизанад, сарут дар хок, мемурӣ, соз раҳ бигардӣ?!
Писарчаи дусола дар ҳоле, ки рӯи пояш рост шуд, аз тарс тамоми хокҳои либосҳояшро меафшонд. Вале қаҳру ғазаби модар лаҳза ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё