КИТОБИ ОРЗУҲО

лаҳза боло мегирифту то ҳадди тавону қувваташ дашному дуоҳои болохонадораш мекард. Ман ин вақт наздашон расидаму гуфтам:
– Охир, ин кӯдаки дусола чиро мефаҳмад, ки ин қадар дӯғу пӯписааш мекунӣ? Қасдан худашро ба замин напартофтааст-ку. Хайр, кӯдак афтидаву хеста калон мешавад, бисёр дуои бадаш накун.
Кӯдакро бардошта, ба назди даромадгоҳ овардам ва либосҳояшро дуруст кардам. Ин дам модараш ҳам ба наздамон расид. Ногоҳ чашмаш ба доғи лойолуди шимаш, ки дар сари зонуи кӯдак пайдо шуда буд, афтод ва боз фиғонаш дар осмон шуд:
– Оҳ, хокдарсар, ман дирӯз ҳамин шимро барои ту харида будам. Ҳоло ягон ҷо пӯшида нарафта, даррав доғдораш кардӣ. Хок бикашад туро, сағераи ғамдарсар....
Дигар таҳаммули шунидани дуоҳои бади модари «меҳрубон»-ро накарда, бидуни хайрухуш ба хонаам даромадам. Вале то дер гоҳ дуоҳои баду гӯшхароши очаи Фаридун дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё