Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

дарҳои деринтизораш кушода шуд ва ҷуфте аз он берун шуданд. Духтар мӯйҳои парешонашро бо дастонаш шоназанон ҷамъ карда, ба тартиб медароварду писар сару либосашро. Вақте берун шуданд, ҳарду ба ман нигоҳи нафратангезе афканданд. Гӯё маломатам карданд, ки ба онҳо халал расонда, айшашонро талх кардам.
Гӯё, гуноҳи азимеро ман содир карда бошам.
Гӯё ин мисраъҳоро фаромӯш кардаанд:

Ғофил манишин, на вақти бозист,
Вақти ҳунар асту сарфарозист.

Воқеъан, ҳайфи ин лаҳзаҳои гаронбаҳои ҷавонӣ, ки чун аз даст рафт, дигар бо ҳеҷ қимате онро наметавон харид. Ҳайфи ин лаҳзаҳои арзишманди ҷавонӣ, ки онро ба «свидания» ва дигар корҳои беҳудаву нодаркор сарф мекунанд. Ин ҷои фикр кардан аст.

Меҳри модарӣ

Дер боз аз ӯ хабаре надоштам. Дар яке аз рӯзҳои баҳорӣ занг зад.
– Салом, апаҷон!
– Салом, додари апаш! Нағзӣ? Созӣ?
– Шукри Худо, апаҷон! Худатон чӣ хел?
– Раҳмат, мо ҳам хубем, аммо туро хеле ёд кардем. Кай омаданӣ ҳастӣ, додарҷон?
– Эҳ, апаҷон, ман дар ин як-думоҳаи охир омаданӣ нестам. Ҳоло аниқ нест...

пешина
аз 95
навбатӣ