КИТОБИ ОРЗУҲО

Садои тақ-тақи дар маҷбурам сохт, ки бигӯям:
– Дароед, дар кушода!
Дари дафтари корамро кушода, бародарам ворид гашт ва маро сахт ҳайратзада кард:
– Ту гуфтӣ ман дури дурам, дар ин рӯзҳои наздик омаданӣ нестам.
– Хостам, сюрприз кунам, апаҷон!
Аз ҳавои мусоиду гуворои фасли арӯси сол ҳаловат бурданӣ шудем. Пои пиёда қадамзанон ба ҷои таксиҳои ноҳия мерафтем, ки ҳодисаи шавқоваре диққати моро ҷалб кард ва лаҳзае аз рафтан боздошт. Ду майнаи зебо бо ҳам гӯё суҳбат мекарданд, агар аниқтар бигӯям, сари кадом масъалаи муҳимме «маслиҳат доштанд.» Вале ҳеҷ не, ки ба як қароре расида тавонанд. Ногаҳон яке аз майнаҳо, ки ҷисман бузургтар ва бокитфу бозу буд, қоматашро рост карда, сарашро бардошт ва болҳояшро кушода, хамёза кашид. Аз рафтораш маълум мешуд, ӯ марди хонадон, яъне шавҳари ин Майна-хонуми серҳарат аст. Майна-ака болҳояшашро ба пушташ гузошта, каме

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё