Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Писарак пурсид:
– Чӣ хел шустам, раис?
– Қандата зан, зӯр шӯстаӣ, мошинро лесидаӣ. Илоҳӣ баракат ёбӣ. Хуб, дар паноҳи Худо, ман саросемаам.
– Раис, 25 сӯм мешавад, сӯмашро намедиҳед?
– Эъ бача, ту девонаӣ чӣ, ман агар дар 25 сӯм мошинамро бишӯям, роҳи хонаамро аз куҷо меёбам? Хайр як бор барои акаи раисат бепул хизмат кардӣ-да. Як дуоят медиҳам, мо одамҳои назаркардаем, моро ба чашми кам набин.
– Охир, раисҷон, ман дар хона очаи танҳову бемор дорам.
– Эҳе, аҷоиб гап мезанӣ, ман кафили беваҳову сағираҳои ин шаҳр нестам. Гапа кам кун.
– Акаи раис, аз Худо битарс.
– Ту сағираи аҳмақ, мара аз Худо метарсонӣ? Бирав додатро ба ҳамон Худоят бигӯ, шояд ба додат бирасад.
Ин дам телефони ҳамроҳаш занг зад ва ба

рӯи сафҳааш нигоҳ карду табассум дар лабонаш гул кард:
– Лаббай, ҷони ширини ман. Маро ёд кардӣ?
– ...
– Хайр, мо боТоҳир шом шуморо интизорем.
– ...
– Албатта, Гуляро ҳам бигир. Дар куҷо?
Хонаи ман.
– ...
– Не, аҷина нестай, хонаи очааш рафтааст, як ҳафтаи расо бо ҳам ҳастем.
– ...
– Ҳо, асалак, хариди хушрӯ кардаам, аз 250 доллари кисаам як тин ҳам намонд, ғайр аз шири мурғу ҷони одам дигар ҳама чизро харидам. Фақат зудтар биёед!
Ва ин ҷо баъди анҷоми сӯҳбат, дарашро пӯшида, Ҷипашро ба ҳаракат дароварду рафт.
Писарак бо чашмони ашколуд аз қафои мошини шитобон раванда дида дӯхт.

пешина
аз 95
навбатӣ